ҶИНОЯТ БА ХОТИРИ 600 ДОЛЛАР
Душанбе, 4 феврал. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Сокини кӯчаи Маяковкийи ноҳияи Синои пойтахт Мирзо Қодирови 26-сола ба Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино-1-и пойтахт бо ариза муроҷиат намуда, шикоят кард, ки 2 феврали соли ҷорӣ тақрибан соатҳои 20 Баҳром ном шахс бо ду рафиқаш ба хонаи ӯ даромада, ӯро лату кӯб намуда 600 доллари ИМА-ро гирифта мераванд. Аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар натиҷаи бурдани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро Баҳром Лоиқови 33-сола содир намудааст. Нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтиш идома дорад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






