«ҶОМИ ФАҶР» НАСИБИ КӢ МЕГАРДАД?

Февраль 16, 2009 14:32

               Душанбе, 16 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-15 феврал дар толори мини футболи варзишгоҳи марказии Душанбе мусобиқаи дӯстонаи футболбозон таҳти унвони «Ҷоми Фаҷр» оғоз ёфт.              Дар маросими расмии ифтитоҳи мусобиқот Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст иштирок карда, мусобиқоти мазкурро паёми сулҳу дӯстӣ ва ҳамдилию бародарӣ арзёбӣ карданд.                Мусобиқа бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ташкил карда шуда,он ба 30-умин солагрди Инқилоби исломӣ дар Эрон бахшида шудааст.               Мусобиқа ду ҳафта идома ёфта, дар он 16 даста аз вазорату идораҳои гуногуни Тоҷикистон — Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон, энергетика ва саноат, нақлиёт ва коммуникатсия, рушди иқтисод ва савдо, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Агентии мубориза бо маводи мухаддир, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷии муқими Тоҷикистон — Британияи Кабир, Россия , Туркия, Амрико, Афғонистон, Эрон, Фаронса, Қазоқистон ва ғайра бо ҳам қувва меозмоянд.              Аз Сафорати Эрон дар Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки беҳтарин дастаро «Ҷоми Фаҷр» интизор аст.

Февраль 16, 2009 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид