32 МАМЛАКАТИ ҶАҲОН БА КӮМАКҲОИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ЭҲТИЁ
Душанбе, 13 феврал. АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Коршиносони муассисаҳои озуқаворӣ ва кишоварзии СММ пешгӯӣ мекунанд, ки истеҳсоли ғалла дар давоми солҳои 2009 — 2010 нисбат ба солҳои гузашта дар миқёси ҷаҳон хеле кам хоҳад шуд. Коҳиши ҳосилнокии зироат ба вазъи номусоиди ҳаво дар баъзе минтақаҳо ва кам шудани масоҳати киштзор вобаста карда мешавад. Мувофиқи хабари дафтари матбуоти СММ, соли равон истеҳсоли ғалла дар ҷаҳон афзуда, ба 2,27 миллиард тонна мерасад. Дар ин маврид ҳосилнокии ғалла нисбат ба ҳаҷми истеъмоли он зиёд хоҳад гашт. Захираи ғалладона дар ҷаҳон 496 миллион тоннаро ташкил медиҳад. Ин нисбат ба захираи ғалла дар соли 2002 хеле зиёд мебошад. Дар маърӯзаи СММ ба кам шудани масоҳати киштзори гандуми тирамоҳӣ дар мамлакатҳои Аврупо ва ИМА диққати калон дода шудааст. Қайд карда мешавад, ки бо вуҷуди вазъи ҳавои мусоид дар мамлакатҳои Аврупо ва ИДМ истеҳсоли ғалла кам хоҳад шуд. Коршиносони СММ пешгӯӣ мекунанд, ки дар баробари зиёд гардидани хароҷоти истеҳсоли ғалла нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар бозори ҷаҳонӣ паст хоҳад шуд. Дар маърӯза омадааст, ки имрӯз 32 мамлакати ҷаҳон, аз ҷумла, Тоҷикистон ба кӯмаки таъҷилии байналхалқӣ дар бобати таъминоти озуқаворӣ эҳтиёҷи калон доранд. Тарҷумон — Қудратов А.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






