39 ҲАЗОРУ 85 НАФАР АЗ ТАШХИСИ ТИББӢ ГУЗАШТ
Душанбе, 10 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, то1-уми январи соли 2009 39 ҳазору 85 нафар шаҳрвандон аз ташхиси тиббии хадамоти мазкур гузаштанд. Баъди ташхис ба 37 ҳазору 136 нафар гурӯҳи маъюбӣ дода шуд, ки ин 95 фоизи аз ташхис гузаштагонро ташкил медиҳад. Дар давоми соли 2008 шумораи шахсони гурӯҳи маъюбии бемӯҳлатгирифта 271 нафар зиёд шудааст.Бо мақсади таъмини шаффофият ва дурустии таъиноти нафақаи маъюбӣ рӯйихати ном ба номи 1902 нафар шаҳрвандон, ки зиёда аз 300 сомонӣ нафақа мегиранд, ба компютер ворид карда шуда, таҳти санҷиш қарор дода шуд.








Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд






