АФСАРОНИ ҶАВОН ДАР НАЗДИ МУҶАССАМАИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ САВГАНД ЁД МЕКУНАНД
Душанбе, 21 феврал. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 22 феврал дар арафаи 16-умин солгарди таъсисёбии Артиши милии Тоҷикистон дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт маросими тантанавии савгандёдкунии афсарони ҷавони Гвардияи Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар робита Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар асоси муроҷиати Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷозат барои гузаронидани чорабинии тантанавии савгандёдкунии афсарони ҷавони Гвардияи миллӣ дар майдони «Дӯстӣ» қарор имзо кард. Дар асоси ин қарор 22 феврал аз соати 9 то 12 дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт чорабинии савгандёдкунии афсарони ҷавони Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Ҳамзамон, Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ва Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шаҳри Душанбе мувазззаф гардидаанд, ки ҳаракати пиёдагардонро дар майдони «Дӯстӣ» дар вақти баргузории чорбинӣ маҳдуд намуда, тартиботи ҷамъияӣ ва амнияти иштирокчиёни чорабиниро таъмин намоянд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






