АФСАРОНИ ГВАРДИЯИ МИЛЛӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД
Душанбе, 23 феврал. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- 22 феврали соли ҷорӣ дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими тантанавии қабули савганди ҳарбии афсарони ҷавон баргузор гардид. Дар ин маросим зиёда аз 60 нафар афсарон, ки баъд аз хатми мактабҳои олии кишвар ба хизмати ҳарбӣ омадаанд, савганд ёд карданд. Аз маркази матбуоти Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки афсарони ҷавонро бо ин санаи муҳим Фармондеҳи Гвардияи миллии ҷумҳурӣ, генерал-майори гвардия Раҷабалӣ Раҳмоналӣ табрик намуда, ба онҳо баҳри хизмати содиқонаву софдилона ба халқу Ватан ҳидоят намуд. Ҳамчунин, дар чорабинӣ собиқадорони хизмати ҳарбӣ, падару модарон ва наздикони афсарони ҷавон иштирок намуданд. Бо садоқат ёд кардани савганд ва бо марши тантанавӣ гузаштани афсарони ҷавон аз назди ҳайати фармондеҳӣ аз он шаҳодат дод, ки онҳо дар чанд моҳ маҳорати баланди ҳарбӣ ба даст овардаанд. Дар охир консерти идона баргузор гардид, ки дар он хизматчиёни ҳарбӣ ва оркестри ҳарбии Гвардияи миллӣ суруду оҳангҳои тозаэҷоди худро дар васфи Ватан ва ифтихори хизмати ҳарбӣ иҷро намуданд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






