АФЗОИШИ ШУМОРАИ БЕКОРОН БАР АСАРИ БӮҲРОНИ ҶАҲОНИИ ИҚТИСОДӢ
Душанбе, 26 феврал. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — 24 феврал дар Женева бахшида ба оқибатҳои бӯҳрони ҷаҳони молиявӣ ва бар асари он афзудани шумораи бекорон дар саросари ҷаҳон мулоқоти байналхалқӣ баргузор гардид. Дар мулоқот бештар аз сад нафар намояндагони ҳукуматҳо, иттифоқҳои касаба ва корфармоёни мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон ширкат варзиданд. Дар ҷараёни мулоқот маърӯзаи Созмони байналхалқии меҳнат муҳокима карда шуд. Дар маърӯза гуфта мешавад, ки дар натиҷаи бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ дар давоми як соли охир қариб 20 миллион нафар бекор монд. Дар байни бекорон шумораи кормандони муассисаҳои молиявӣ хеле зиёданд. Иштирокчиёни мулоқот тадбирҳоеро баррасӣ намуданд, ки ба бартараф сохтани оқибатҳои бӯҳрони иқтисодӣ дар мамлакатҳои ҷаҳон мусоидат мекунанд. Онҳо ҳукумати мамлакатҳоро даъват карданд, ки барои пешгирии оқибатҳои ногувори бӯҳрон барномаҳои миллӣ тартиб дода, ба мутахассисон касбҳои дигарро омӯхта, шумораи бекоронро то ҳадди имкон кам кунанд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






