АЛЛАКАЙ 569 ГЕКТАР БОҒИ НАВ БУНЁД ШУД
Душанбе, 10 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ, тибқи барномаи бунёди боғу токзорҳо, соли ҷорӣ дар майдони 1465 гектар боғҳои нав бунёд карда мешавад. То 9-уми феврали соли ҷорӣ дар вилоятҳо ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ дар майдони 569,3 гектар боғҳои нав бунёд карда шудааст, ки ин баробари 38,7 фоизи нақшаи бунёди боғҳои навро ташкил медиҳад. Тибқи барнома, барқарор кардани 558 гектар боғҳои кӯҳна ва 287 гектар токзорҳо дар назар дошта шуда бошад ҳам, аммо то имрӯз амалӣ шудани он оғоз наёфтааст.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






