АНДОЗРО БОЯД СУПУРД
Душанбе, 2 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар давоми соли 2008 — ум буҷети давлатӣ аз рӯи — намуди андоз, даромадҳои ғайриандозӣ ва грантҳо таъмин карда нашуда, ба он қариб 133 миллион сомонӣ ворид нагардид. Аз ҷумла аз ҳисоби андози ягона аз истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 5,2 миллион сомонӣ, андоз аз фурӯши нахи пахта 24,2 миллион сомонӣ, андоз аз арзиши иловашудаи дохилӣ 9 миллион сомонӣ, андоз аз маҳсулоти коркард 5,6 миллион сомонӣ иҷро нагардид. Инчунин аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ӯҳдадориҳо оиди пардохти фоизҳо аз рӯи депозити буҷети ҷумҳурӣ, ки дар асоси шартномаи дутарафа муайян гардидааст, дар ҳаҷми 21 миллион сомонӣ ворид карда нашуд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар баъзе шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ буҷети маҳалӣ иҷро нагардид. Аз чумла, дар вилояти Хатлон буҷети ноҳияҳои Вахш ва Қабодиён, дар вилояти Суғд ноҳияи Мастчоҳ ва аз ноҳияҳои тобеъи ҷумхурӣ шаҳри Ваҳдат таъмин карда нашуданд. Яке аз сабабҳои иҷро нагардидани ин манбаъҳои даромад, ин пеш аз ҳама таъмин нагардидани ҳаҷми истеҳсолот дар корхонаҳои саноатӣ, паст рафтани нархи молу хизматрасониҳо, аз ҷумла нархи сӯзишворӣ, нахи пахта, алюминий ва дигар молхо, ки аз таъсири бевоситаи бӯҳрони молиявӣ ба вуҷуд омаданд, мебошанд. Сабаби дигари иҷро нагардидани даромадҳои дохилӣ ин зиёдшавии бақияпулиҳои андоз ва пардохти иҷтимоӣ мебошад. Зиёдшавии бақияпулиҳои андоз дар чумҳурӣ дар ҳолати ташвишовар буда, характери доимиро гирифтаанд, ки дар охири соли 2008 — ум ҳаҷми онҳо ба 506,1 миллион сомонӣ баробар буда, нисбат ба аввали сол 119,7 миллион сомонӣ зиёд мебошанд. Бояд гуфт, ки сабабҳои зиёдшавии бақияпулиҳои андоз сари вақт иҷро нагардидани ӯҳдадориҳо аз ҷониби андозсупорандагон мебошанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Суратгузориш аз ҷараёни баргузории Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар Қазоқистон
Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳро дастоварди навбатии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид






