АЗ ХАРИДИ ДОРУҲОИ ҚАЛБАКӢ ХУДДОРӢ КУНЕД
Душанбе, 13 феврал. (АМИТ «Ховар» Жасмин Назарова). Тавре, ки аз дафтари матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, истиқоматкунандаи ноҳияи Қубодиён, ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хисрав, деҳаи ба номи Ворошилов Х. Мусоев бо мақсади ба даст овардани маблағ бо роҳи қаллобӣ ба боварии шаҳрвандон даромад. Ба онҳо ҳар гуна маҳлулҳои аз муоинаи лабораторӣ нагузашта, бидуни литсензия ва сертификат ҳамчун доруворӣ дода, бар ивази он маблағҳои шаҳрвандонро гирифта аз они худ намудааст. Чи тавре, ки ӯ дар моҳи августи соли 2008, дар ноҳияи Восеъ аз шаҳрвандон Н. Иззатуллоев 80 сомонӣ, Ш. Абдуллоев 80 сомонӣ, М. Қурбоналиев 100 сомонӣ, О. Ҳакимова 100 сомонӣ, дар ноҳияи ба номи Ҷ. Румӣ бошад аз Ч. Шоямқулов 200 доллари амрикоӣ, Х. Турсунов 300 доллари амрикоӣ, Ч. Култаев 100 доллари амрикоӣ, З. Рузиқулова 3 700 доллари амрикоӣ гирифта аз они худ намуда, ба онҳо маҳлулҳои худсозро ҳамчун доруворӣ бо роҳи фиреб фурӯхта, ба саломатии онҳо зарар расонидааст. Нисбати Х. Мусоев аз тарафи прокуратураи вилояти Хатлон бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гашта тафтишоти пешакӣ давом дорад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






