АЗ ВАЪДАБОЗҲО ҲАМ ПУРСИДА ШАВАД

Февраль 14, 2009 10:43

                      Душанбе, 14 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ҳанӯз моҳи майи соли гузашта дар чанд рӯзномаҳои давлатию ғайридавлатӣ оид ба масъалаҳои замистонгузаронӣ аз ҷаласаҳои шаҳрдорӣ маводҳои зиёде нашр шуда буд ва ин мавзӯъҳоро саривақтӣ донистем,-мегӯянд сокинони чанд маҳаллае, ки имрӯз нафақат барқро тариқи «лимит» ҳам намегиранд, балки оби гарму хунукро аз бухори Маркази гармидиҳи (ТЭС)-и шаҳру оби хунукро аз қубурҳои кафидаи Идораи обу корез ҷорӣ шуда дида, ангушти ҳайрат мегазанд.                     -Охир ҳайратовараш он аст, ки,- мегӯянд сокинони ноҳияи Фирдавсӣ, бо гузашти сари ҳар чанд вақт, тавассути радиою телевизион аз надоштани маводи иттилоотӣ бошад ё фармоишӣ, ки наттоқонашон:- «Дар ҷаласаи шаҳрдорӣ таъкид гардид, ки имсол ба сокинони шаҳр хидматрасонии маишӣ рӯ ба беҳбудӣ оварда, мардум бо оби ошомиданӣ ва оби гарм дар мавсими тирамоҳу зимистон бе таъхир таъмин мегарданд»-ро такрор ба такрор мехонанд.                    -Мутаассифона аз ибтидои соли ҷорӣ низ чун солҳои пеш ба ҷуз ваъда чизи дигареро надидем,- мегӯянд сокинони маҳаллаҳои 103- 104 ва назди вокзали шаҳри Душанбе.                    -Ҳоло мутасаддиёни ваъдабози шаҳрдорӣ тибқи Фармони Президенти кишвар «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии васоити ахбори омма» чӣ гунна вокуниш мекарда бошанд, инаш бароямон аҷибтар хоҳад буд,-афзуданд онҳо дар ин як сӯҳбати сарироҳӣ ба мухбири АМИТ «Ховар».  

Февраль 14, 2009 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!