БАЙНИ ТОЧИКИСТОНУ РУСИЯ АЛОҚАИ МУСТАКИМ КУШОДА ШУД

Февраль 26, 2009 15:35

                    Душанбе, 26 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Байни Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии муҳоҷирати Федератсияи Россия алоқаи мустақим (горячая линия) барои ҳалли масъалаҳои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Федаретсияи Россия ба роҳ монда шуд.                    Ин иқдом бо дастгирии Хадамоти муҳоҷирати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии муҳоҷирати Федератсияи Россия, дар асоси қарори ҷаласаи якҷояи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оиди сиёсати муҳоҷират дар назди Кумитаи интегратсионии Созмони ҳамкории иқтисодии Осиёву Аврупо (ЕврАзЭС) ва Шӯрои роҳбарони мақомоти салоҳиятдори давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ оиди масъалаҳои мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ки 30 январи соли 2009 дар шаҳри Москва баргузор гардид, роҳандозӣ шуд.                    Тибқи оморӣ расмии аз ҷониби Хадамоти федералии муҳоҷирати Федертсияи Россия пешниҳодшуда, танҳо дар давоми соли 2008 беш аз 1 миллиону 200 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ вориди Русия шудаанд.

Февраль 26, 2009 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар