БАРҚИЯИ ШОДБОШИИ Э. РАҲМОН УНВОНИИ М. АҲМАДИНАЖОД

Февраль 10, 2009 17:14

Имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон унвонии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод бинобар солгарди Инқилоби Исломии кишвараш барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:Ифтихор дорам, ки Ҷаноби Олӣ ва аз тариқи Шумо ҳукумат ва мардуми дўсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эронро ба муносибати фаро расидани ҷашни сиюмин солгарди Инқилоби Исломӣ табрик ва таҳният гўям.Дастовардҳое, ки Эрон таи солҳои ахир ба даст овардааст, зимни таъмини зиндагии борафоҳият барои мардуми кишвар мўҷиби ба таври бесобиқа боло рафтани обруву нуфузи Ҷумҳурии Исломӣ дар арсаи байналмилалӣ гаштааст. Рушди сареи иқтисод, амну истиқрори кишвар ва ба кайҳон баровардани моҳвораи миллӣ тавассути мушаки эронӣ шоҳиди ин гуфтаҳоянд.Дар Тоҷикистон ба густариши муносибатҳои дўстона ва ҳамкориҳои судманд бо Ҷумҳурии Исломии Эрон аҳамияти хоса медиҳанд. Итминон дорам, ки истифодаи бештари ду ҷониб аз тамоми имкониятҳои мавҷуда дар роҳи таҳкиму таъмиқи равобити ҳасанаи ду кишвар комёбиҳои ҷадид ба бор хоҳад овард.Ба Ҷаноби Олӣ бурдборӣ, муваффақият ва пирўзиҳои нав ба нав, ба мардуми бародар хонаи обод ва ба кишвари дўст сулҳу субот ва пешравиҳо орзумандам.

Февраль 10, 2009 17:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад