БАРНОМАҲОИ НАВИ КОНСЕРТИИ ГУРӮҲҲОИ РАҚСИИ «ЗЕБО», «ГУЛШАН» ВА «&#1

Февраль 26, 2009 10:45

                   Душанбе, 26 феврал. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Имрӯз дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон консерти ҳисоботии дастаҳои ҳунарии вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ баргузор мегардад. Дар он ҳунарпешагони гурӯҳҳои рақсии «Зебо», «Гулшан» ва «Ҷаҳоноро» иштирок менамоянд. Онҳо барномаҳои нави консертӣ ва рақсҳои соли гузашта тайёрнамудаи худро пешкаши тамошобинон мегардонанд.                   Директори генералии Иттиҳодияи эҷодии консертии вазорат Ҷамшед Исмоилов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки чунин консертҳо ба такмили маҳорати ҳунарпешагон, ошкор намудани камбудиҳо ва бартараф сохтани онҳо кӯмаки калон мерасонанд. Илова бар ин, бо ин роҳ ҳайати дастаҳои рақсӣ аз назар гузаронида, шумораи ҳунарпешагон кам ё зиёд карда мешавад, — гуфт Ҷ.Исмоилов.                                                                                                                                                            Тарҷумон — Қудратов А 

Февраль 26, 2009 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид