БАРОИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ МАЛАХ 5 МИЛЛИОН СОМОНӢ
Душанбе, 4 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Бино ба маълумоти маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ, соли 2009 барои мубориза ба муқобили малах ва дигар ҳашароти зараррасон бо Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ 5 миллион сомонӣ ҷудо гардид. Боиси ёдоварист, ки соли 2008 малах ва дигар ҳашароти зараррасон дар майдони 130 ҳазор гектар замин паҳн шуда, ба хоҷагиҳои кишоварзӣ ва чарогоҳҳо зарари зиёд ворид намуд. Барои мубориза ба муқобили малах беш аз 5 ҳазор нафар одам сафарбар гардид. Ҳукумати ҷумҳурӣ бо ин мақсад бо таври фаврӣ 4,5 миллион сомонӣ ҷудо намуд. Аз ҷониби ташкилоти озуқа ва кишоварзӣ (ФАО)-и Созмони Милали Муттаҳид барои нобуд сохтани малах 500 ҳазор доллар ҷудо када шуда буд, ки он дар нест кардани малах мусоидат намуд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






