БАРОИ ОМОДАГӢ БА КИШТУ КОРИ БАҲОРӢ ДАСТУР ДОДА ШУД

Февраль 18, 2009 11:46

                  Душанбе, 18 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар вохӯрие, ки бо иштироки муовини сарвазири ҷумҳурӣ Муродалӣ Алимардонов ва вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов бо фаъолони корхонаҳою ташкилотҳои соҳаи кишоварзии вилоят, шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид, оид ба вазъи иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ барраси гардида, аз ҷумла ба вилояти Суғд дастур дода шуд, ки нисбати кишти тирамоҳии зироатҳо ва нигоҳубини он чораҳои зарурӣ андешида шавад.                  Ба мутахассисони соҳа тавсия дода шуд, ки бо истифода аз рӯзҳои мусоиди обу ҳаво ба кишти баҳорӣ оғоз намоянд. Дар мавсими кишт аз ҳамаи захираҳо; техника, тухмии хушсифат ва қувваи корӣ самаранок истифода карда шавад.                  Баробари ин ба мутахассисон ва роҳбарони соҳа супориш дода шуд, ки ҳар чи зудтар ба механизми нави маблағгузорӣ гузашта, барои бозгашти маблағҳои қарзи бонкӣ то 1-уми апрел чораҳо андешида шавад.

Февраль 18, 2009 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид