БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ ТАШКИЛИ БОЗОРИ УМУМИИ МЕҲНАТИ МАМЛАКАТҲОИ ИДМ

Февраль 7, 2009 10:56

                     Минск, 7 феврал. АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — 10 феврали соли равон дар шаҳри Минск маҷлиси навбатии намояндагони доимии мамлакатҳои ИДМ дар Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад. Дар он масъалаи давра ба давра ташкил намудани бозори умумии меҳнат ва танзими муҳоҷирати коргарон дар давлатҳои ИДМ муҳокима карда мешаванд.                     Бунёди бозори умумии меҳнат ҳамчун ҷузъи таркибӣ ва зарурии фазои умумии иқтисодӣ яке аз омилҳои муҳимтарини пешрафти иқтисодиёти давлатҳо буда, ба ҳамоҳанг сохтани ҷараёни ҳамгироии давлатҳои Иттиҳод мусоидат менамояд. Ба ин омилҳои гуногун, аз ҷумла, равобити таърихию фарҳангӣ ва миллии халқҳои мамлакатҳои собиқи шӯравӣ, низоми умумии ҷобаҷогузории нобаробари қувваҳои истеҳсолӣ ва мавҷудияти зуҳуроти муҳоҷирати коргарон дар байни давлатҳои ИДМ кӯмаки калон хоҳад расонд.                    Коршиносон дар Минск нуктаҳои барномаи бунёди бозори умумии меҳнат, дараҷаи мувофиқати онҳоро ба воқеияти имрӯза таҳлил намуда, дар мавриди зарурат ба он тағйироту иловаҳо дохил мекунанд.                    Дар ин бора аз Кумитаи иҷроияи ИДМ ба АМИТ«Ховар» хабар доданд.

Февраль 7, 2009 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад