БЕШ АЗ 1200 НАФАР СОҲИБИ ҶОЙИ КОР ШУДАНД
Душанбе, 2 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Беш аз 1200 нафар дар ярмаркаи умумишаҳрии ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озоде, ки дар бинои Маркази таълимии калонсолони ҷумҳурӣ гузаронида шуд, бо роҳхат ба ҷои кор фиристонида шуданд Тибқи иттилоъи ба АМИТ «Ховар» расидаи Сарраёсати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати шаҳри Душанбе дар ярмарка аз ҷониби иттиҳодияю корхона ва муассисаҳои чор ноҳияи пойтахт 6 ҳазору 530 ҷойи кор пешкаш карда шуд. Дар ярмарка 11 ҳазору 30 нафар корҷӯён ширкат намуда, аз он 634 нафарашон барои омӯзиш, 10 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ, 95 нафар ба тадқиқоти сотсиологӣ, 45 нафар ба машварати касбӣ, 80 нафар ба биржаи меҳнатии ҷавонон, 131 нафар ба муҳоҷирати меҳнатии расмӣ ва 650 нафар ба субъектҳои хоҷагидор фиристонида шуданд. Бояд тазаккур дод, ки ҳадаф аз ташкили чунин ярмаркаҳо ба кор ва шуғли муайян ҷалб кардани одамон ва бо ин роҳ паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ҷомеа мебошад. Дар ярмарка 125 муассисаҳо беш аз 6 ҳазор ҷойи кори холиро пешниҳоди шаҳрвандон гардониданд.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






