БОНКИ ҶАҲОНӢ БА ТОҶИКИСТОН КӮМАК МЕРАСОНАД
Душанбе, 18 феврал. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Тибқи паймони ба даст омада, Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон барои дастгирии буҷети давлатӣ ба маблағи 20 миллион доллари ИМА кӯмак мерасонад. Маблағи мазкур барои дастгирии ислоҳоти тадбирҳои сиёсӣ дар соҳаи рушди сектори хусусӣ, идораи сектори давлатӣ ва расондани хизматҳои иҷтимоӣ сарф карда мешавад. Роҳбарияти Бонки ҷаҳонӣ бо хоҳиши Ҳукумати Тоҷикистон маблағи кӯмакро, ки аввалан 10 миллион доллари ИМА муқаррар карда шуда буд, ду баробар зиёд кард. Ҳадафи расондани кӯмаки мазкур бартараф сохтани оқибатҳои бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ дар Тоҷикистон мебошад. Кӯмаки мазкур ба роҳбарияти мамлакат имкон медиҳад, ки вазъи босуботи макроиқтисодиро беҳтар сохта, тартиби додани иҷозатномаҳоро барои фаъолияти соҳибкорию тиҷоратӣ такмил дода, тартиби тафтиши фаъолияти корхонаҳоро беҳтар намуда, ҷараёни хусусӣ гардондани корхонаҳоро бештар шаффоф намуда, ба тақвияти рақобати солим дар бозор мусоидат намуда, заминаи меъёрию қонунии соҳаҳои ҳавонавардӣ, энергетика ва ғайраро такмил диҳад. Дар ин бора аз намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Тарҷумон — Қудратов А








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






