БОНКИ ҶАҲОНӢ ОЗМУНИ МИНТАҚАВИИ ПЕШНИҲОДОТУ ИДЕЯҲОРО БАРГУЗО

Февраль 14, 2009 10:59

                     Душанбе, 14 феврал. АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Раёсати Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ дар бораи гузаронидани озмуни пешниҳодот ва идеяҳо дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ қарор қабул намуд. Дар озмун иттиҳодияҳои фермерҳо, истифодабарандагони об, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, соҳибкорону тоҷирон, олимон, мақомоти худидораи маҳаллӣ, фондҳо ва созмонҳои дигари Қазоқистону Қирғизистон, Тоҷикистону Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат меварзанд. Аз намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки озмуни мазкур бояд ба як навъ маркази пешниҳодоту идеяҳои навоварона табдил ёбад.                    Мавзӯи асосии озмун истифодаи самарабахши захираҳои об дар соҳаи кишоварзӣ мебошад. Дар ҷараёни он пешниҳодҳо, идеяҳо ва барномаҳои беҳтарин интихоб карда, баъдан дар амал татбиқ карда мешаванд. Барои иҷрои онҳо маблағ ҷудо карда хоҳад шуд. Ҳадафи гузаронидани озмун андешидани тадбирҳои самарабахши сарфа кардани об дар соҳаи кишоварзӣ мебошад. Барои муаллифони пешниҳодоту идеяҳои навоварона мукофотҳо муқаррар карда шудаанд.

Февраль 14, 2009 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид