БОНКИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ХАРИДАНИ МОШИН ҚАРЗ МЕДИҲАД
Душанбе, 11 феврал. АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова ). — Бонки рушди Тоҷикистон соли 2008 ба мизоҷонаш барои харидани мошин ба маблағи 1 миллиону 271 ҳазору 592 сомонӣ қарз додааст. Сабаби афзудани мароқи мизоҷон барои гирифтани қарз бо мақсади харидани мошини сабукрав ба он вобаста мебошад, ки имрӯз тамоми навъҳои мошинро бо қарзи дарозмуддат дастрас намудан мумкин аст. Бонки рушди Тоҷикистон айни ҳол бо мағозаҳои фурӯши мошини Ҷамъиятҳои саҳҳомии «Ҷаҳонгир», «Тоҷиктранскар» ва «Тоҷик — Тойота» ҳамкорӣ мекунад. Маъмурияти бонк чанд рӯз пеш бо намояндаи расмии ширкати «Митсубиси Моторс» — и Ҷамъияти саҳҳомии «Мастерхаус» — и Олмон қарордоди ҳамкорӣ имзо намуд. Мувофиқи қарордоди мазкур, Бонки рушди Тоҷикистон ба мизоҷонаш барои ба ивази қарзи дарозмуддат харидани мошинҳои тамғаи «Митсубиси» қарз медиҳад.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






