БОЗДИДИ АДМИРАЛИ АМРИКОӢ АЗ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Душанбе, 20 феврал. АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Сардори раёсати ҳайати қумондонии нақлиётии ИМА, контр — адмирал Марк Харничек, ки имрӯзҳо дар Тоҷикистон мусофират дорад, дирӯз ба вилояти Хатлон рафт. Вай дар ин ҷо кӯпруки дар Панҷи Поён, дар болои дарёи Ому сохташударо аз назар гузаронд, ки Тоҷикистонро бо Афғонистон мепайвандад. Аз сафорати ИМА дар Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки адмирали амрикоӣ имрӯз бо вазири корҳои хориҷӣ Ҳ.Зарифӣ, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Х.Абдураҳимов ва вазири нақлиёту алоқаи ҷумҳурӣ А.Ашӯров мулоқот хоҳад кард. Зимни ин мулоқотҳо масъалаҳои марбут ба ҳамлу нақли лавозимоти ғайринизомии ИМА ба Афғонистон ба воситаи қаламрави Тоҷикистон муҳокима карда мешаванд. Тарҷумон — Қудратов А








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






