БОЗДИДИ САРВАЗИР АЗ НБО НОРАК

Февраль 2, 2009 15:12

                 Душанбе, 2 феврал. (АМИТ «Ховар»). — Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов имрӯз ба шаҳри Норак рафта, бо фаъолияти Нерӯгоҳи барқи обии «Норак» шинос гардид.                 Роҳбарият ва мутахассисони нерӯгоҳ ба Сарвазир маълумот доданд, ки бо сабаби камобӣ аз 9 агрегати он се агрегат кор карда, тақрибан 790 мегаватт қувваи барқ истеҳсол мекунад, чор агрегат ба кор омода буда, ду агрегати дигар ба куллӣ тармим карда мешавад.                Баъдан дар маъмурияти нерӯгоҳ таҳти раёсати Сарвазир О.Оқилов бо иштироки роҳбарони ташкилотҳои марбутаи соҳа маҷлиси ситоди корӣ баргузор гардид. Дар он ҳисоботи шахсони масъул дар бораи фаъолияти имрӯзаи нерӯгоҳ шунида шуд. Шахсони мутасаддӣ вазифадор карда шуданд, ки таъмири агрегатҳои нерӯгоҳро ҳар чӣ зудтар анҷом дода, онҳоро ба кор омода созанд. Таъкид карда шуд, ки лоиҳаи тармиму таҷдиди нерӯгоҳро ҳар чӣ зудтар тартиб дода, ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод карда шавад.                Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки мутахассисони маҳаллӣ ҳамроҳи ҳамкасбони худ аз хориҷи кишвар ду агрегати нерӯгоҳро тармим менамоянд.                                                                                                                                         Муҳаррир — Қудратов А.  

Февраль 2, 2009 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид