БУНЁДИ БОҒИ НАВ ДАР МУМИНОБОД
Душанбе, 21 феврал. (АМИТ «Ховар» Сулаймон Холов). Дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Кулчашмаи Муминобод дар масоҳати 20 гектар боғи нав бунёд карданд. Тавре сарогрономи раёсати кишоварзии ноҳия Дилшод Ризоев, иттилоъ дод, ки боғи нав беш аз 6 ҳазор ниҳолҳои нок ва гелос шинонда мешаванд, ки маблағи он 12 ҳазор сомониро дарбар мегирад. Ба гуфтаи ин манбаъ дар қатори ниҳолҳо парвариши обчакорӣ низ ба роҳ монда мешавад, ки ин барои нарм гардидани ниҳолҳо мусоидат менамояд. Мавриди зикр аст, ки ниҳолҳои мавҷудбуда аз тарафи хоҷагии ҷангали ноҳия ва парваришгоҳи деҳаи Лиҷак таъмин мегардад. Айни ҳол хоҷагиҳои деҳқонӣ ва иҷоракорон ба шинондани ниҳолҳо машғуланд. Дар ин самт назорати раиси ҷамоати деҳоти Кулчашма Гулбарг Боқиева ва сардори раёсати кишоварзии ноҳия Эмом Шарифов хеле зиёд аст. Мақсади бунёди боғи нав самаранок истифода бурдани замин ва зиёд намудани дарахтони мевадиҳанда мебошад.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






