ЧИН ТАМОМИ ШИРКАТҲОИ НАФТИ ҶАҲОНРО ХАРИДАН МЕХОҲАД

Февраль 24, 2009 11:03

                Пекин, 24 феврал. (АМИТ «Ховар» — Интерфакс). — Ҷумҳурии Мардумии Чин ба марҳалаи нави мубориза барои ба даст овардани захираҳои нафт қадам мегузорад. Маъмурияти мамлакат захираҳои бузурги моддию молиявии худро дар ин марҳала барои харидани ширкатҳои нафту гази хориҷӣ сарф карданист. Ин сабаби ташвишу изтироби мамлакатҳои тараққикардаи саноатӣ нагардида наметавонад. Онҳо бим доранд, ки Чин аз вазъияти бӯҳронии иқтисодиёти ҷаҳонӣ ба манфиати худ истифода хоҳад кард. Тибқи хабарҳои расида, дар машварати Раёсати миллии энергетикаи Чин қарор дода шуд, ки барои харидани ширкатҳои нафту гази хориҷӣ фонди махсус ташкил карда шавад. Ба фонди мазкур ширкатҳои давлатии энергетикии «Петрочина», «Синопес» ва ЭНООС шомил гардиданд.                 Ба қавли шореҳон, ба ин ширкатҳо қарзҳои калони давлатӣ дода хоҳанд шуд. Маблағи давлат барои харидан ё муттаҳид сохтани ширкатҳои нафту гази хориҷӣ истифода бурда мешавад.                Бояд гуфт, ки нархи саҳмияҳои бисёр ширкатҳои энергетики хориҷӣ дар натиҷаи паст гардидани нархи нафт хеле арзон гардидааст. Ин ба ширкатҳои чинӣ имкон медиҳад, ки онҳоро ба осонӣ харида гиранд.

Февраль 24, 2009 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад