ДАР ҲАВОПАЙМОИ МУСОФИРКАШИ «МАСКАВ – ДУШАНБЕ» КӮДАК ТАВАЛЛУД ШУД
Душанбе, 11 феврал. АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). — Шаби 10 феврал дар ҳавопаймои «Боинг — 758 — 200» — и ширкати ҳавоии «Тоҷик Эйр», ки аз Маскав ба Душанбе парвоз мекард, кӯдак ба дунё омад. Аз дафтари матбуоти ширкати «Тоҷик Эйр» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки яке аз мусофирони ҳавопаймо Наргис Достиева пеш аз парвоз дар майдони ҳавоии «Домодедово» — и шаҳри Маскав ба кормандони майдони ҳавоӣ ва сарнишинони ҳавопаймо хабар надод, ки дар моҳи охирини ҳомиладорӣ қарор дорад. Баъди парвози ҳавопаймо Наргисро дарди таваллуд нороҳат сохт. Сардори гурӯҳи сарнишони ҳавопаймо Юрий Ануфриев вазъиятро ҳамаҷониба омӯхта, қарор дод, ки парвози ҳавопаймо давом дода шавад. Вай ба стюардессаҳо фармуд, ки ба Наргис Достиева кӯмаки аввалини тиббӣ расонанд. Хушбахтона, дар байни мусофирон як нафар духтури анестезиолог буд. Вай бо кӯмаки ходимони ҳавопаймо кӯдакро саломат ба дунё овард. Кӯдак баъди яку ним соати парвоз таваллуд шуд. Баъди ба Душанбе фуруд омадани ҳавопаймо модар ва тифли навзоди ӯро бо мошини ёрии таъҷилии тиббӣ ба таваллудхонаи рақами 2 — юми шаҳр фиристоданд. Ҳоло онҳо таҳти назорати духтурон қарор доранд. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки ин дар давоми ду соли охир воқеаи дуюми зимни парвози ҳавопаймо таваллуд шудани кӯдак мебошад. 23 декабри соли 2007 зимни парвози ҳавопаймои ТУ — 154 аз шаҳри Санкт — Петербург ба Душанбе кӯдак таваллуд шуд, ки баъд онро Муҳибулло ном гузоштанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






