ДАР ҲОЛАТИ МАСТӢ СИГОРКАШИИ МАРД БОИСИ МАРГ ҲАМСАРАШ ГАРДИД

Февраль 18, 2009 14:16

               Душанбе, 18 феврал. (НИАТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Дар хонаи истиқоматии сокини кӯчаи Победаи шаҳри Чкаловски вилояти Суғд Ҷамшед Тошхӯҷаеви 59-сола сӯхтор ба амал омад, ки дар натиҷаи он як нафар ҳалок гардид.               Аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки субҳи 17-уми феврали соли ҷорӣ шаҳрванд Ҷ. Тошхӯҷаев дар ҳолати мастӣ дар хонааш сигор мекашад, ки дар натиҷаи он сухтор сар задааст. Масоҳати сухтор 2 метри мураббаъро ташкил дода, ба маблағи 150 сомонӣ зарар расидааст.               Дар натиҷаи сӯхтор Ҷ. Тошхуҷаев заҳролуд гашта, ҳамсари ӯ Елена Тошхӯҷаеваи 50-сола сӯхта ба ҳалокат мерасад.  

Февраль 18, 2009 14:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид