ДАР ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРӢ СОЗИШНОМА БА ИМЗО РАСИД

Февраль 12, 2009 11:47

                  Душанбе, 12-ми феврал. (АМИТ«Ховар», Наргис Бойаҳмадова). — 12 феврал Созишномаи генералии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳодияҳои корфармоёни Тоҷикистон ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон барои солҳои 2009-2011 ба имзо расид, ки онро аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов, аз ҷониби Иттиҳодияи корфармоёни ҷумҳурӣ Ш.Азизбек ва аз ҷониби Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон С.Муродалӣ имзо карданд.                  Аз Хадамоти матбуоти Сарвари давлат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки пас аз анҷоми маросими баимзорасии созишномаи мазкур О. Оқилов ин созишномаро сатҳи олии ҳамкории байни давлат, корфармоёну кормандон дар шахси намояндаи онҳо ва иттифоқҳои касаба арзёбӣ карда, афзуд, ки дар баробари ин, созишнома тарзи шарномавии танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатиро ифода карда, яке аз воситаҳои таъмини суботи иҷтимоӣ дар шароити бозори озод аст.                  «Ин гуна ҳамкорӣ ба ҳалли бисёр проблемаҳои иҷтимоӣ, аз қабили пардохти музди меҳнат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таъмини кафолатҳои меҳнатию иҷтимоии кормандони кироя мусоидат мекунад», — тазаккур дод О. Оқилов.

Февраль 12, 2009 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд