ДАР ҶУМҲУРӢ 1764 ГУРЕЗА ЗИНДАГӢ МЕКУНАД
Душанбе, 24 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар соли 2008 Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ барои танзими масъалаҳои гурезагон ва паноҳҷӯяндагон ҳамкориро бо вазорату идораҳои дахлдор ва Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо идома дода, дар давоми сол тавассути комиссияи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират оид ба муайян намудани мақоми гуреза 1124 дархостро баррасӣ намуд. Айни замон дар ҳудуди Тоҷикистон 412 сардори оила бо шумораи умумии 1764 нафар гурезаҳо муваққатан зиндагӣ менамоянд,- иброз дошт вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ Шукурҷон Зуҳуров.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






