ДАР ЧИН 20 МИЛЛИОН НАФАР БЕКОР МОНД
Чин (АМИТ "Ховар" — BBC). — Намояндагони мақомоти ҳукуматии Чин хабар доданд, ки дар натиҷаи авҷ гирифтани бӯҳрони молиявӣ дар мамлакат қариб 20 миллион коргари муҳоҷир бекор монд. Аз рӯи маълумоти Созмони марказии кишоварзии Чин, аз 130 миллион мардикор, ки аз деҳот барои кор ба шаҳрҳо омадаанд, тақрибан 15 фоиз айни ҳол аз кор маҳрум гардидаанд. Бояд гуфт, ки ҳар сол аз деҳоти Чин аз 5 то 6 миллион муҳоҷир барои ёфтани кор ва маблағ ба шаҳрҳо меравад. Бинобар ин шумораи бекорон аз ин ҳам бештар буда метавонад. Намояндаи Созмони байналхалқии ҳифзи ҳуқуқи инсон Фалим Кайн ба мухбирон гуфт, ки кор дар шаҳрҳо барои миллионҳо нафар муҳоҷирон манбаи ягонаи даромад мебошад. Коргарони муҳоҷир аз кор маҳрум гардида, барои таҳсили фарзандонашон ва нигоҳубини мӯйсафедон маблағ пайдо карда наметавонанд. Қайд карда мешавад, ки корхонаю муассисаҳо соли 2009 нисбат ба соли гузашта бештар аз ду баробар кам одамонро ба кор қабул мекунанд. Соҳибони корхонаҳо торафт бештар ба ҷои мардон занони ҷавонро ба кор мегиранд. Зеро чунин мешуморанд, ки самараи кори занон нисбат ба мардон хеле зиёд аст. Мақомоти Чин изҳор намуданд, ки барои беҳтар сохтани вазъият дар саросари мамлакат ҷиҳати расондани кӯмак ба бекорон 5 ҳазор дафтари таъминоти кор ташкил карда мешавад. Вале онҳо танҳо мутахассисони ҷавонро дар соҳаҳои нақлиёту молия, тиҷорат ва алоқа бо кор таъмин мекунанду халос. Аз рӯи маълумоти вазорати ҳифзи иҷтимоии Чин, имсол мактабҳои олиро зиёда аз 7 миллион донишҷӯ хатм мекунанд ва онҳо низ сафи бекоронро бештар хоҳанд гардонд. Охири соли гузашта дар Чин 8,86 миллион шахси бекор ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба семоҳаи сеюми соли 2008 — ум 560 ҳазор нафар зиёд мебошад. Тарҷумон — Қудратов А.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






