ДАР ДОНИШКАДАИ СОҲИБКОРӢ ВА ХИЗМАТ КАФЕДРАИ НАВ КУШОДА МЕШАВАД
Душанбе,17 феврал. ( АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Пажӯҳишгоҳи ҷомеаи кушод-Фонди Сорос ба Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон барои кушодани кафедраи идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ ба маблағи 22 ҳазор доллари ИМА кӯмак расонд. Тавре дар донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, оид ба таъсиси кафедра таҳти роҳбарии доктори илмҳои иқтисод, профессор Ғафурҷон Ҷӯрабоев лоиҳа тасдиқ гардид. Мақсади он муайян намудани стратегияи худидоракунии маҳаллӣ дар иқтисоди бозаргонӣ, таъмин намудани донишҷӯён бо маводи таълимӣ ва ғайра мебошад. Барои шинос шудан бо рафти иҷроиши лоиҳа имрӯз ба донишкада намояндагони Фонди Сорос ташриф меоваранд. Лоиҳаи мазкур моҳи октябри соли равон амалӣ хоҳад гашт.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






