ДАР ДУШАНБЕ ҚУРБИ ДОЛЛАР УСТУВОР НЕСТ

Февраль 18, 2009 17:05

                    Душанбе, 18 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 17 феврали соли равон дар давоми рӯз дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе қурби доллари ИМА зуд-зуд тағйир меёфт. Масалан, дар нимаи дуюми рӯз қурби доллари ИМА каме боло рафта, 3,78 — 3,80 сомониро ташкил дод, вале дар баъзе минтақаҳои дигари пойтахт он то 3,73 -3,76 сомонӣ поён рафт.                    Аз маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки бо мақсади устувор нигоҳ доштани қурб Бонк чораи зурурӣ, аз қабили мудохила (интервенсия) ба бозори асъорро оғоз кард. Илова бар ин, ҳамчунин фаъолнокии бонкҳои тиҷоратӣ дар мавриди фурӯши асъори хориҷӣ ба воситаи нуқтаҳои мубодилаи асъори худ ба мушоҳида расид.                    Дар бозорҳои байнибонкӣ ва дохилибонкии асъор қурби миёнаи доллари ИМА ба андозаи 0,3 фоиз поён рафта, дар сатҳи 3,73 — 3,76 сомонӣ қарор гирифт.

Февраль 18, 2009 17:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад