ДАР ДУШАНБЕ ЯРМАРКАИ НИҲОЛУ ГУЛ БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Душанбе, 3 феврал. АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Нимаи аввали моҳи феврал дар пойтахти ҷумҳурӣ ярмаркаи сеюми байниминтақавии ниҳоли дарахтони ороишиву мевадиҳанда ва гулҳо гузаронида мешавад. Дар ярмарка кормандони ҳамаи гулхонаю гармхона ва хоҷагиҳои ниҳолпарварии мамлакат ширкат меварзанд. Рӯзҳои фаъолияти ярмарка шӯрои машваратӣ ташкил карда мешавад, ки дар ин ҷо ба хоҳишмандон дар бораи роҳу усулҳои парвариши гулу ниҳолҳо маслиҳатҳои муфид дода хоҳад шуд. Корхонаю ташкилотҳо ва хоҷагиҳо бо иштирокчиёни ярмарка дар бораи хариду фурӯши гулу ниҳол шартнома имзо карда метавонанд. Ҳадафи асосии ташкили ярмарка сабзу хуррам гардондани маҳалҳои пойтахт ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат мебошад. Тарҷумон — Қудратов А.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






