ДАР РАДИО ВА ТЕЛЕВИЗИОНИ ҶТ БАРНОМАЮ ГУФТОРҲОИ ЭРОНӢ ПАХШ ХОҲАНД ШУД
Душанбе, 19 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Алҳол лоиҳаи оинномаи таъсиси шабакаи телевизиони кишварҳои форсизабон аз ҷониби Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, ки баъди омӯзиш ва дохил намудани ислоҳот, қабул карда мешавад». Чунин гуфт ба хабарнигорон баъд аз мулоқоташ бо Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асадулло Раҳмонов, Раиси Созмони симо ва садои Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Изатулло Зарқомӣ. Мавсуф афзуд, ки ӯ зимни сафараш ба Тоҷикистон аз Эрон барномаҳои ҷолиби телевизионӣ, гуфторҳои радиоӣ, инчунин сериалҳои телевизионӣ овардааст. Онҳо тавассути телевизион ва радиои Тоҷикистон намоиш ва шунавонида мешаванд. Инчунин, аз Тоҷикистон барномаҳои тамошобоби телевизионӣ ва гуфторҳои радиоиро ба Эрон бурда, тавассути садо ва симои ин кишвар пахш менамоянд. Изатулло Зарқомӣ дар посух ба саволи хабарнигори бахши форсии радиои «Овози тоҷик» гуфт, ки дар оянда сайъ менамояд, ки тавассути намояндагии садо ва симои Эрон дар Душанбе ва Сафорати Эрон дар Тоҷикистон итттилоти мухталифи иқтисодӣ ва фарҳангиро марбут ба Эрон ва барномаҳои ҷолиби радиоии Эронро бифиристад, то мавриди истифодаи бахши форсии радиои «Овози тоҷик» қарор гиранд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






