ДАР СОЛИ 2008 ВАЗОРАТИ МОЛИЯ 12 ЛОИҲАИ МУШТАРАКИ ИНВЕСТИТСИОНӢ БА ИМЗО РАСОНИД

Февраль 4, 2009 11:19

                  Душанбе, 4 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар давоми соли 2008 — ум аз тарафи Вазорати молияи ҷумҳурӣ 12 лоиҳаи муштараки инвеститсионӣ ба маблағи 569 миллион сомонӣ ба имзо расонида шуд. Мувофиқи таҳлилҳои пешакӣ дар соли сипаригашта ҳаҷми умумии маблағгузории лоиҳаи муштараки инвеститсионӣ бо назардошти қарзи Ҷумҳурии Халқии Хитой 1,4 миллиард сомонӣ, аз ҷумла кредит — 1,25 миллиард сомонӣ, грант — 126,9 миллион сомонӣ ва ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 59,3 миллион сомонӣ аз худ карда шуд.                  Бояд ёдовар шуд, ки аз якуми январи соли 2009 маблағҳои умумии қарзи берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон як миллиарду 371,4 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба ММД 26,7 фоиз мебошад. Дар соли ҳисоботи ҳаҷми қарзҳои берунӣ ба маблағи 246,7 миллион доллари амрикоӣ афзоиш ёфта бошанд, ҳам нисбат ба ММД андозаи онҳо ба 3,4 фоиз кам гардида дар сатҳи устувор нигоҳ дошта шуданд.                   Аз рӯи иттилои Вазорати молияи ҷумҳурӣ, дар ин давра барои хизматрасонии қарзҳои берунӣ 307 миллион сомонӣ равона гардидааст, ки аз он 250 миллион сомонӣ барои пардохти қарзҳои асосӣ ва 58 миллион сомонӣ барои пардохти фоизҳо равона шудааст.

Февраль 4, 2009 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид