ДАР ТОҶИКИСТОН ДУ НАМОИШГОҲИ МАҲСУЛОТИ МОЗАНДАРОН БАРГУЗОР МЕГАРДАД

Февраль 14, 2009 10:49

                  Душанбе, 14 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Соли равон дар Душанбе ду намоишгоҳи молу маҳсулоти музофоти Мозандарони Эрон баргузор мегардад.                  Аз палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки масъалаи мазкур дар мулоқоти муовини аввали раиси палата Одил Сангов бо ноиби президенти музофоти Мозандарон Аҳмади Асғарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо оид ба доир намудани намоишгоҳҳои музофоти Эрон рӯзҳои 27-31-уми май дар шаҳри Хуҷанд ва 4-8-уми ноябр дар шаҳри Душанбе тавофуқ ҳосил намуданд.                Дар ҷараёни мулоқот О.Сангов изҳор дошт, ки намоишгоҳи музофоти Мозандарон, ки соли қабл дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, писанди ҳамагон гардид ва намоишгоҳҳои минбаъда низ муваффақонаву пурсамар хоҳанд буд.                Гуфтанист, ки дар намоишгоҳҳои оянда асосан маҳсулоти ширкатҳои бузурги бахши кишоварзӣ, корхонаҳои истеҳсоли маводи ғизоӣ, бахусус коркарди гӯшти ҳайвонот, парранда ва моҳӣ ба маърази тамошо гузошта хоҳанд шуд.  

Февраль 14, 2009 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад