ДАР ЯК ДАҚИҚА 25 «ТАНГЕН» ГУЗАШТ МЕКУНАД

Февраль 9, 2009 15:05

                  Душанбе, 9 феврал. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Аз имрӯз, 9 феврали соли 2009 сар карда, ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилии тамғаҳои «Дамас», «Чанху», «Хафей», ки тавассути онҳо мусофир кашонида мешавад, дар хиёбонҳои И.Сомонӣ (аз чорроҳаи И.Сомонӣ-Ғафуров то бурриши хиёбони Рӯдакӣ), Н.Қарабоев (аз бурриши кӯчаи А.Фирдавсӣ то бурриши кӯчаи С. Шерозӣ (Сирк)-и пойтахт), манъ карда шуд.Дар ин хусус, Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарор имзо кард.                  Дар робита ба ин масъала дар назди муовини раиси шаҳри Душанбе Абдуҳомид Шералиевбо иштироки роҳбарону кормандони сохторҳои мусофиркашии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор гардид. А. Шералиев гуфт, ки мақсади аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе ба имзо расонидани қарори мазкур, мӯътадил гардонидани шиддатнокии ҳаракати нақлиёт, таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёти автомобилии мусофиркаш ва танзими онҳо дар роҳҳои автомобилгарди пойтахт аст.                 Муовини Раиси шаҳри Душанбе зикр кард, ки бо манъи ҳаракати нақлиёти автомобилии навъи «Дамас», «Чанху», « Хафей» дар кӯчаҳои Исмоили Сомонӣ ва Саъдии Шерозии пойтахт ҳаракати онҳо тибқи ҷадвали тартибдодаи муассисаҳои нақлиётии пойтахт ва идораи Бозрасии давлатии автомобилӣ дар дигар хатсайрҳо ба роҳ монда мешаванд. Инчунин, 20 адад автобуси тамғаи ПАЗ ба муассисаи нақлиётии «Автобус-1 «ворид карда шудааст, ки дар рӯзҳои наздик дар хатсайрҳо ҳаракат мекунанд. Дар ояндаи наздик бо мақсади таъмини аҳолии пойтахт бо нақлиёти мусофиркаш ба пойтахт 150 адад автобус ва 60 троллейбус ворид карда мешавад. Реҷаи ҳаракати автобусҳо дар шаҳр то соати 22 шаб ва троллейбусҳо то соати 23 -и шаб муқаррар гардидааст.                  Ҳаққи роҳкиро барои автобусҳо ва маршруткаҳои «Газель» 60 дирам муайян карда шудааст. Ҳамзамон дар нишасти матбуотӣ муовини сардори БДА-и пойтахт полковники милиса Зиёратшо Тошев гуфт, ки маҳдуд кардани ҳаракати «Танген»-ҳо дар кӯчаҳои пойтахт коҳиш додани шиддатёбии ҳаракати нақлиёт дар шаҳр аст.  Зеро тибқи нишондодҳои оморӣ теъдоди «Танген»- ҳо дар Душанбе 5, 5 ҳазор буда, дар як дақиқа дар пойтахт 25 адад «Танген» гузашт мекунад. Танҳо дар соли 2008 дар пойтахт бо айби «Танген»-ҳо 165 садамаи нақлиётӣ ба вуқӯъ омадааст, ки бар асари он 43 нафар захм бардошта, 3 нафар ҳалок гардидааст. Муовини сардори БДА -и пойтахт мегӯяд, ки аксари ронандаҳое, ки «Танген»-ҳоро идора мекунанд, ҷавон буда, чандон таҷрибаи кофии ронандагӣ ва баъзеашон литсензия (иҷозатнома) надоранд ва худсарона ин навъи автомобилро идора мекунанд. Аз ин рӯ, афзуд полковники милиса Зиёратшо Тошев, қарори мазкур саривақтӣ ва ба манфиат буда, омили таъмини кафолати бехатарии натанҳо мусофирон, балки ҳаракати дигар навъи воситаҳои нақлиёт дар пойтахт аст.  

Февраль 9, 2009 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Фестивали байналмилалии «Дарҳои кушод-2026» дар Ҷопон гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Кирмакпарварони ноҳияи Рашт 18 тонна пиллаи хушсифат истеҳсол менамоянд
Дар Шаҳритус бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷамъомади бошукӯҳ доир шуд
Дар дидбонгоҳи гумрукии «Фотеҳобод» айвони нав барои таҳкими назорати гумрукӣ ба истифода дода шуд
Смартфон бо манфиат: чӣ тавр метавон кӯдакро ҳар рӯз инкишоф дод
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«Барномаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» баррасӣ гардид
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ нақшаи истеҳсоли пилла иҷро шуд
БАРНОМАИ РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ. Дар муассисаҳои шаҳри Кӯлоб санҷишу вохӯриҳо баргузор шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 30+36 дараҷа гарм мешавад
Доир ба аҳамияти ташаббусҳои Пешвои миллат дар эҳёи адолати таърихӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ ҳамоиш баргузор шуд