ДАРГУЗАШТИ НАВИСАНДА

Февраль 2, 2009 14:53

               Душанбе, 2 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). Нависандаи тоҷик Муҳаммадзамони Солеҳ дар синни 58-солагӣ бар асари сактаи дил аз олам чашм пӯшид.              Муҳаммадзамони Cолеҳ соли 1952 дар деҳаи Падрохи ноҳияи Мастчоҳ таваллуд шудааст. Аввалин достони кӯтоҳи ӯ дар матбуот дар охири солҳои 1970 таваҷҷӯҳи адабиётшиносонро ба худ ҷалб карда буд. Китоби нахустини Муҳаммадзамони Солеҳ «Сарви Кашмир» буд. Сипас, қиссаву роман ва китобҳои ӯ бо номҳои «Ардавирафнома», «Оҳанги шаҳри ишқ», «Ишқи актёри пир», «Девори Хуросон», «Ганҷи сӯхта», «Кобуси Кобус ё бозори пашшаҳо» ба нашр расиданд.               Гуфтанист, ки Муҳаммадзамон Солеҳ азм дошт, ки дар бораи пайғамбари Ислом Ҳазрати Муҳаммад (с) ва Куруши Кабир роман нависад.

Февраль 2, 2009 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд