ДАРГУЗАШТИ УСТОДИ «ШАШМАҚОМ»
Душанбе, 2 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Шаби 1 феврал сарояндаи маъруфи «Шашмақом» Боймуҳаммад Ниёзов дар синни 82-солагӣ дар натиҷаи баланд шудани фишори хун дар шаҳри Хуҷанд даргузашт. Аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки рӯзи якшабе маросими видоъи ин хунёгари маъруф дар толори Театри ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки дар он аҳли ҳунар, шогирдону дӯстон ва мухлисону пайвандон иштирок намуданд. Пас аз зӯҳри рӯзи якшанбе ҷасади устод ба хок супурда шуд. Дар маросими ба хоксупории Боймуҳаммад Ниёзов аҳли фарҳанги кишвар оид ба саҳми мутааасссири ин устоди мусиқии асили тоҷикӣ — «Шашмақом» сухан карданд. Мавриди ёдоварист, ки Боймуҳаммад Ниёзов соли 1927 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, муаллифи 53 суруд аст, ки худ ба лаҳну усули хоса сурудааст. Ӯ аз ибтидои солҳои 60-и асри гузашта дар филармонияи Кумитаи давлатии телевизиони Тоҷикистон овозхонӣ карда, солҳои 1980 — 1886 дар Донишгоҳи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон дарс гуфтааст. Дар охири солҳои 80-уми асри гузашта ӯ ба шаҳри Хуҷанд баргашт ва то охири умр дар факултаи ҳунарҳои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аз фанни «Шашмақом» дарс дод.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






