ДАВРАИ НАВИ ҲАМКОРИҲО ОҒОЗ ЁФТ

Февраль 20, 2009 10:44

                   Душанбе, 20 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитойро оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ, ки 27-уми августи соли 2008 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд, тасдиқ намуд.                 Боиси тазаккур аст, ки дар ҷодаи ҳамлу нақли автомобилӣ ҳамкории ҷумҳуриямон бо Ҷумҳурии Халқии Хитой шоистаи таҳсин аст.                 Созишномаи мазкур, баҳри интиқоли бору мол ва мусофиркашонӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ байни ин ду кишвар давраи нави ҳамкориро оғоз намуд.                  Дар кӯчаҳои шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе беш аз 2 ҳазор мошинҳои мусофиркашонии тамғаҳои «Дамас», «Чанху» ва «Хафей» ба мардуми пойтахт хизмат мерасонанд, ки аз натиҷаҳои самарабахши ҳамин Созишнома аст.

Февраль 20, 2009 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид