ДАВРИ ЯКУМИ ТАРМИМИ РОҲ МОҲИ ИЮН БА ОХИР МЕРАСАД

Февраль 10, 2009 16:45

                   Душанбе, 10 феврал. АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Даври аввали тармиму таҷдиди роҳи мошингарди «Душанбе — Хуҷанд — Чаноқ» моҳи июни соли равон ба охир мерасад. Барои тармими куллии роҳи мазкур 295 миллиону 900 ҳазор доллари ИМА ҷудо карда шуда буд. Аз ин маблағ 281 миллиону 100 ҳазор долларро Бонки содиротию воридотии Чин ва 14 миллиону 800 ҳазор долларро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо кардаанд.Барномаи сохтмону тармими роҳи мазкур барои осон шудани кор ба се давра тақсим карда шудааст. Даври аввал сохтмону тармими роҳи мошингардро дар масофаи 345 километр, сохтмони кӯпрукҳо, хобондани қубурҳо, девораҳо ва обгурезҳоро дар бар мегирад. Дар даври дуюм сохтмони туннелҳо пешбинӣ карда мешавад. Бо ин мақсад 12 миллиону 100 ҳазор доллари ИМА ҷудо карда шудааст. Бояд гуфт, ки дар роҳи мошингарди мазкур дар ағбаи Анзоб туннели дарозиаш 5 ҳазору 253 метр канда шуд.                  Дар даври сеюм сохтмони 23 иншооти зидди тарма пешбинӣ карда шуда буд, ки то имрӯз 9 — тои он сохта шудааст. Маблағи умумии барои иҷрои корҳои даври сеюм пешбинишуда, 30 миллион доллари ИМА — ро ташкил медиҳад.                Давраҳои дуюму сеюми тармими роҳ моҳи июли соли 2010 ба охир мерасанд. Комиссияи давлатӣ роҳро дар давоми солҳои 2010 — 2011 қабул хоҳад кард. Дар ин муддат камбудиҳои мавҷуда бартараф карда мешаванд.Мудири иҷроияи Маркази тармиму таҷдиди роҳи мошингарди «Душанбе — Хуҷанд — Чаноқ» Қодир Саидов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки тармиму таҷдиди қитъаҳои алоҳидаи роҳ босуръат давом дорад ва бо дили пур гуфтан мумкин аст, ки роҳи мазкур дар муҳлати муқарраршуда ба истифода дода мешавад.                                                                                                                                             Тарҷумон — Қудратов А. 

Февраль 10, 2009 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид