ДУШАНБЕ БАҲОРРО БО АВТОБУСҲОИ НАВ ИСТИҚБОЛ МЕГИРАД
Душанбе, 27 феврл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар моҳи март 150 адад автобусҳои нави тамғаи «ПАЗ» дар роҳҳои пойтахт ба ҳаракат дароварда мешаванд. Муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдуҳомид Шералиев зимни сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки автобусҳои тамғаи «ПАЗ», ки алҳол 134 адади он вориди пойтахт шудаанд, дар асоси шартномаи байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо корхонаи «Русский Автобус»-и Федератсияи Русия ба Душанбе оварда шудаанд ва рӯзҳои наздик 16 адади дигари он ба Душанбе ворид карда мешаванд. Автобусҳои нав баъди ба расмиятдарорӣ пурра дар хатсайрҳои пойтахт ба мусофирон хизмат мерасонанд. Автобусҳо аз лиҳози техникӣ мусоид ба шароити роҳҳои пойтахт буда, 75 адади он аз сӯзишвории дизелӣ ва 75 адади дигараш аз бензин ва гази моеъ истифода мекунанд. Абдуҳомид Шералиев мегӯяд, ки алҳол ба мусофирон дар пойтахт беш аз 500 автобусу троллейбусҳои корхонаҳои коммуналии мусофиркашонии пойтахт дар 72 хатсайр хизмат мерасонанд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






