ДУШАНБЕ СОҲИБИ 4 ТЕРМИНАЛИ ЗАМОНАВӢ МЕШАВАД

Февраль 24, 2009 16:28

                 Душанбе, 24 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар ояндаи наздик дар 4 самти даромадгоҳи шаҳри Душанбе терминалҳои мусофиркашонии наздишаҳрӣ сохта мешаванд. Ин матлаб дар ҷаласаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ки таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид, баррасӣ шуд.                 Бо ин мақсад соҳибкороне, ки хоҳиши иштирок дар сохтмони терминалҳои мусофиркашро доранд, метавонанд дархосту ташаббус ва пешниҳодоти худро ба унвонии роҳбарияти шаҳр пешниҳод созанд.Нисбати сохтмони терминалҳои мусофиркашонӣ муовини раиси шаҳри Душанбе Абдуҳомид Шералиев дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки терминалҳои мусофиркашонӣ дар асоси Нақшаи генералии шаҳри Душанбе тибқи пешниҳоди лоиҳаи беҳтарин ба озмун бо назардошти теъдоди воридшавии навъҳои гуногуни нақлиёт сохта мешаванд.                 — Мо кӯшиш мекунем, ки дар чор самти пойтахт терминалҳои хубу замонавии ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалиро бунёд созем, ки дорои утоқҳои махсус барои кӯдакону модарон, хизматрасонии маишӣ, толорҳои интизорӣ, истироҳатӣ, ошхона, хазина ва ғайраҳо бошанд, афзуд А. Шералиев.                   Бояд зикр кард, ки алҳол нақлиёти гуногун, бахусус мусофиркашон, ки аз чор самт вориди пойтахт мегарданд, бештари онҳо на дар ҷойҳои муқарраршуда, балки дар дилҳоҳ ҷой таваққуф намуда, боиси риоя накардани талаботи ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахт мешаванд.                   Алҳол нақлиёти мусофиркаше, ки аз дигар минтақаҳои кишвар вориди шаҳр мешаванд — аз ғарб дар маҳаллаи 102, ҷануб назди бозори «Саховат» ва «Автосентр», шарқ дар километри 9-ум ва шимол дар назди КВД «Тоҷиксемент» таваққуф мекунанд, ки ин истгоҳҳо шароити оддитарини хизматрасониро надоранд. Умед аст, ки бо сохтмони терминалҳои мусофиркашонии замонавӣ дар назди дарвозаҳои пойтахт мушкилоти мусофирони роҳдур ҳалли худро меёбад.

Февраль 24, 2009 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд