Э. РАҲМОН : «МАРҲАЛАИ НАВИ МУНОСИБАТҲОИ ҶТ ЯМАН ОҒОЗ МЕЁБАД»

Февраль 27, 2009 14:18

                Душанбе, 27 феврал. АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни ифтитоҳи гуфтушуниди ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Яман зикр намуд, ки муносибатҳои ҳар ду мамлакат таърихи тӯлонӣ дорад ва имрӯз марҳалаи нави муносибатҳои онҳо оғоз меёбад.               Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар фарҷоми гуфтушунид Изҳороти муштараки Тоҷикистону Яман дар бораи равнақу ривоҷи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкорӣ ва Созишномаи ҳамкории вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорати тандурустию нуфуси Ҷумҳурии Яман имзо шуданд.                Баъдан сарони ҳар ду давлат барои намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ нишасти матбуотӣ ташкил намуданд. Дар он таъкид шуд, ки ҳар ду ҷониб дар бораи ташкили комиссияи муштарак паймон карданд. Комиссияи мазкур тадбирҳои густариши ҳамкории ҳар ду мамлакатро дар соҳаҳои гуногун ҳамоҳанг месозад.               Президенти Яман Алӣ Абдулло Солеҳ дар ҷараёни нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки мамлакаташ ҳуҷуми ваҳшиёнаи Исроилро ба Фаластин қатъан маҳкум менамояд. Вай изҳор намуд, ки проблемаи Фаластин бояд бо роҳҳои мусолиматомез ҳал карда шавад.               Президенти Яман имрӯз ба шаҳри Норак рафта, бо фаъолияти Нерӯгоҳи барқи обии Норак шинос мегардад.  Меҳмони олиқадр пагоҳ, 28 январ бо раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Сарвазир Оқил Оқилов мулоқот хоҳад кард.                                                                                                                                          Тарҷумон — Қудратов А  

Февраль 27, 2009 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид