ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БИНОИ НАВИ САФОРАТХОНАИ ТОҶИКИСТОНРО ДАР БЕЛГИЯ КУШОД

Февраль 11, 2009 16:40

               Душанбе, 11 феврал. АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Имрӯз дар Брюссел бинои нави Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Белгия кушода шуд. Роҳбари раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷӣ Давлат Назриев ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар маросими ифтитоҳи бинои сафоратхона Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ширкат намуд. Тавре хабар дода шуда буд, Сарвари давлати Тоҷикистон имрӯзҳо дар Белгия мусофират дорад.               Бинои нави сафоратхонаи Тоҷикистон чорошёна мебошад. Дар ошёнаи аввали он шӯъбаи консулгарӣ, дар ошёнаи дуюм ӯтоқҳои кории сафир ва дипломатҳо ва дар ошёнаи сеюм ҳуҷраҳои истиқоматии муовини сафир ҷойгир шудаанд. Ин имкон медиҳад, ки хароҷоти иҷораи манзил барои кормандони сафоратхона дар оянда камтар карда шавад.                Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки имрӯз баъди кушода шудани бинои сафоратхона дар он мулоқоти соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Белгия гузаронида мешавад. Тибқи нақша, дар он Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сухан хоҳад кард.                                                                                                                        Тарҷумон — Қудратов А.

Февраль 11, 2009 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад