ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА АБДУЛЛО СОЛЕҲ
Намояндагони мӯҳтарами васоити ахбори умум, Дар мулоқот ва музокироти муфассалу муфид, ки дар ҷараёни сафари нахустини расмии Президенти Ҷумҳурии Яман Ҷаноби Олӣ Алӣ Абдулло Солеҳ ба Тоҷикистон дойир гардиданд, самтҳо ва арсаҳои асосии ҳамкории дуҷонибаро бори дигар — баъд аз сафари порсолаи расмии ман ба Яман — мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор дода шуданд. Мо зарурати ба сатҳи шоиста баровардани ҳамкории гуногунсоҳаи мутақобилан судманди байни ду кишварро таъкид намудем. Дар шароити рушди босуръати иқтисодии Тоҷикистон ва, бахусус фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва татбиқи барномаҳои зиёди судманди иқтисодӣ, ин ҳамкорӣ метавонад густариш ёбад ва омили рушди муносибатҳои мутақобилан судманди ду кишвари дӯст гардад. Дар чаҳорчӯбаи ин сафар мо эҷоди заминаҳои қарордодиву ҳуқуқии густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориро идома дода, санадҳои муҳими дуҷонибаро, аз ҷумла оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ба имзо расонидем. Мо ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии ду кишварро арзишманд медонем ва қаноатмандем, ки дар ин иртибот тавофуқоти муҳим ба даст омадаанд. Дар ҷараёни мулоқоту музокирот роҷеъ ба масоили муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ низ табодули афкору назариёти муфид сурат гирифт. Қобили зикри хос аст, ки тамоми мулоқоту музокирот дар фазои созандагӣ, ҳусни ният ва эҳтироми мутақобил сурат гирифтанд. Мо аз натиҷаҳои сафари Ҷаноби Олӣ ба кишварамон қаноатмандем ва мутмаинем, ки татбиқи паймонҳои ҳосилшуда оғози накӯи марҳилаи нави муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Яман мегардад. Ташаккур.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






