ФАЪОЛИЯТИ ХУСУСИИ ТИББӢ ВАСЕЪТАР МЕШАВАД

Февраль 9, 2009 14:26

                Душанбе, 9 феврал, (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти аъзои кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила, ҳифзи сиҳатӣ ва экология Ҷумъабой Сангинов, аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти хусусии тибӣ» 8 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, аммо дар сектори хусусии тиббӣ дигаргунии ҷиддие ба амал наомад. Аз ин рӯ, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ бо мақсади такмили меъёрҳои қонунҳои амалкунанда, бартараф кардани мухолифатҳои мавҷуда, ба қонуни мазкур тағийру иловаҳо ворид намуд. Дар Қонун ба баъзе намудҳои фаъолияти хусусии тиббӣ имтиёзҳо дода шуд, ки он ба рушди соҳа имкониятҳои бештаре медиҳад.               То имрӯз ҳамагӣ дар бахши хусусии тиббӣ 7 шӯъба амал мекунад, ки хеле ночиз аст. Бо қабули қонуни мазкур фаъолияти хусусии тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким ёфта, дар бахшҳои гуногун расонидани ёрии тиббӣ беҳтар хоҳад шуд,-иброз дошт Ҷумъабой Сангинов ба мухбири АМИТ «Ховар». 

Февраль 9, 2009 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид