ФЕСТИВАЛ-ОЗМУНИ «Парасту-2009»

Февраль 13, 2009 14:12

                  Душанбе 13 феврал. ( АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Аз 23 то 31 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2009» доир мегардад. Роҳбари маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ Гулмаҳмад Давлатов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки чорабинии мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг баргузор мегардад. Дар он қариб тамоми театрҳои касбии ҷумҳурӣ иштирок менамоянд.                   Гулмаҳмад Давлатов иброз дошт, ки ба фестивал-озмун асарҳое пешниҳод карда мешаванд, ки драматургони тоҷик онро дар даврони истиқлолият дар мавзӯи муосир офаридаанд. Асарҳое, ки аз Шӯрои бадеии вазорати фарҳанг нагузаштаанд, ба озмун роҳ дода намешаванд. Шумораи умумии иштирокчиёни фестивал набояд аз 20 нафар зиёд бошад. Ҳар як театри иштироккунанда барои баромади ҷудогона дар фестивал-озмун як асари мукаммали бисёрпардагӣ пешкаши аъзои ҳакамон ва мухлисони санъати театрӣ мегардонад. Ғолибони озмун бо мукофот ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадр мегарданд. Инчунин спектаклҳои беҳтарин, ки сазовори шоҳҷоиза ва ҷои якум мегарданд, барои иштирок дар Фестивали байналмиллалии «Наврӯз» роҳхат мегиранд.

Февраль 13, 2009 14:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд