ГУРӮҲИ ПИЗИШКОН БА НЕРӮГОҲИ ОБИЮ БАРҚИИ РОҒУН САФАРБАР КАР
Душанбе, 24 феврал. (АМИТ "Ховар", Ибодат Давлатова). — 24 феврали соли ҷорӣ як гурӯҳ пизишкони беҳтарини ҷумҳурӣ барои гузаронидани муоинаи тиббии пешгирикунандаи бинокорон ба сохтмони иншооти Нерӯгоҳи обию барқии Роғун сафарбар карда шуданд. Аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ "Ховар" иттилоъ доданд, ки дар ин сафар пизишкони варзида, дар ҳайати табиби дандонпизишк, силшинос, уролог, табиби эндокринолог, иммунолог, табиби бемориҳои дарунӣ, чашмпизишк, табиби бемориҳои гӯшу гулӯю бинӣ, табиби бемориҳои асаб, акушер-гинеколог ва ғайра зиёда аз 4.5 ҳазор сохтмончиёнро муоина ва табобат хоҳанд намуд. Ҳайати табибон бо таҷҳизоти тиббии дастгоҳи электрокардиограф, дастгоҳи фаросавтӣ (УЗИ) дорувории зарурӣ ва ваксинаҳо оид ба пешгирии бемориҳои шадиди роҳи нафас ва зуком таъмин карда шудаанд. Инчунин, гузаронидани чорабиниҳои ташвиқотию тарғиботӣ оид ба баланд бардоштани маърифати санитарии бинокорон дарназар дошта шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






