ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИИ СААД ВА СОЗМОНИ БАЙНАЛХАЛҚИИ МУҲОҶИРАТ

Февраль 18, 2009 14:35

                       Маскав, 18 феврал. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Муншии умумии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа ва директори намояндагии Созмони байналхалқии муҳоҷират дар Федератсияи Русия Энрико Понзиани дирӯз дар Маскав мулоқот карданд. Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза ба муқобили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва хариду фурӯши одамон муҳокима шуданд. Н.Бордюжа ба Э. Понзиани дар бораи фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони мақомоти салоҳиятдори СААД дар масъалаҳои мубориза ба муқобили муҳоҷирати гайриқонунӣ ва тақвияти тадбирҳои муштараки давлатҳои аъзои созмон дар ин соҳа маълумот дод.                     Энрико Понзиани изҳор намуд, ки намояндагии Созмони байналхалқии муҳоҷират дар Русия тайёр аст, дар таҳлили қиёсию ҳуқуқии меъёрҳои мавҷудаи қонунҳои миллии мамлакатҳои аъзои созмон дар мубориза ба муқобили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва хариду фурӯши одамон бо мақсади таъини мувофиқати онҳо ба талаботи ҳуқуқи байналхалқӣ ширкат варзад. Ҳар ду ҷониб натиҷаҳои мусбати амалӣ сохтани Протоколи ҳамкории котиботи СААД ва маъмурияти Созмони байналхалқии муҳоҷиратро зикр намуданд, ки моҳи июли соли 2006 имзо шуда буд. Тарҷумон — Қудратов А

Февраль 18, 2009 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид